УДК 82
ББК 83.3 (0) 9
ХИДМА ТИ Зоиров %алимцон Зохцдцонович, н. и. ф., дотсент,
«НОМАХ,О»-И АЙНУЛЦУЗОТ мудири кафедраи умумидонишгоуии забони тоцикии
ДАР ТАС^Е^И АШЪОРИ МДТ«ДДХба номи акад. Б. Гафуров»
УСТОД РУДАКИ (Тоцикистон, Хуцанд)
ЗНАЧЕНИЕ «МАКТУБОТ Зоиров Халимджон Зохидджонович, к.ф.н.,
(ПИСЬМА)» АЙНУЛКУЗАТА В заведующий общеуниверситетской кафедрой
ИЗУЧЕНИИ ПОЭЗИИ УСТОДА таджикского языка ГОУ «ХГУ им. акад. Б. Гафурова»
РУДАКИ (Таджикистан, Худжанд)
SIGNIFICANCE OF Zoirov Khalimjon Zohidjonovich, candidate of philological
AYNULQUZOT&S «MAKTUBOT sciences, head of the all-university chair of the Tajik
(LETTERS)» IN THE STUDY AND language under the SEI "KS U named after acad. B.
CORRECTION OF RUDAKI&S Gafurov» (Tajikistan,Khujand)
POETRY E-mail: z.halimjon@mail.ru
Вожа^ои калиди: Айнулцузоти Х,амадонй, Рудакй, "Мактубот", "Кашф-ул-асрор", "Асрор-ут-тавуид", Саид Нафисй, Абдулманнони Насриддин, нусхаи цадимтарин ва тасуифёфта
Дар ин мацола сухан пиромуни яке аз сарчашмауои цадимтарини осори устод Рудакй будани "Мактубот"-и Айнулцузоти Х,амадонймеравад. Муаллиф нахуст дар бораи ауамияти адабй ва матншиносии нусхауои цадими номауои Айнулцузот баус намуда, сипас барои шоуид чанд байти устод Рудакиро меорад, ки зайли номауо аз номи бузургони дин ва машоихи маъруф нацл шудаанд. Аз тауцицоти муаллиф маълум мешавад, ки номауои ин суханвари ориф на тануо намунаи беназири насри ирфонии царни Х11, балки яке аз сарчашмауои пурбауои адабиёти форсй-тоцикй ба уисоб мераванд ва дар баробари ауамияти зиёди тарцумаиуолй, сиёсй, таърихй, ирфонй ва фалсафй нусхаи муаллифии ашъори форсй ва арабии Айнулцузоти Хамадонй ва яке аз кууантарин сарчашмауои боэътимод циуати шинохти ашъори суханварони асруои 1Х-Х11, махсусан осори устод Рудакй мебошанд.
В статье рассматривается «Мактубот (Письма)» Айнулкузота Хамадони, в качестве древнейшего источника о произведениях Рудаки. В начале статьи проводится анализ литературной и текстологической ценности древних копий писем Айнулкузота. Затем автор для подтверждения цитирует несколько бейтов Рудаки, котрые упоминались в письмах выдающимися религиозными деятелями и духовными лицами. Изыскания, проведённые автором, позволяют прийти к выводу, что корреспонденция данного учёного является не только несравненным образцом мистической прозы XII в., но также считается одним из важнейших источников в персидско-таджикской литературе. Наряду с содержанием значимой биографической, политической, исторической, суфистской и философской информации, «Мактубот (Письма)» включает в себя образцы авторских стихотворений Айнулкузота на персидском и арабском. Более того, данное произведение является достоверным источником для исследования поэтических произведений поэтов XI-XII вв., в частности стихов Рудаки.
The article dwells on «Maktubot (Correspondence)» of Ainulquzot Hamadani as the most ancient source on RudakVs literary productions. Initially, the author conducts an analysis beset with both literary and textual value of the ancient copies of Aynulquzot&s correspondence. Subsequently, a number of Rudaki&s beits, that were mentioned in the letters by the outstanding religious figures and ecclesiastics are cited. Proceeding from the research carried out by the author, one can come to the conclusion that the correspondence of Aynulquzot is not only incomparable model of mystical prose of the XII-th c., but is reputed as one of the important sources in Persian-Tajik literature either. Alongside with the significant information of the biographical, political, historic, mystic and philosophical content, «Maktubot (Letters)» comprises Aynulquzat&s poetry patterns on Arabic and Persian. Moreover, the
work is considered to be a reliable source for the investigation of the verses of the XI-th - the XII-th c. poets, in particular Rudaki&spoems.
"Номахо"-и Абдуллох ибни Мухдммад Миёнчии Хамадонй на танхо намунаи беназири насри ирфонии карни Х11, балки яке аз сарчашмахои пурбахои адабиёти форсй-точикй ба хисоб меравад. Зеро "Номахо"-и Айнулкузоти Хамадонй дар баробари ахамияти зиёди тарчумаихолй, сиёсй, таърихй, ирфонй ва фалсафй нусхаи муаллифии ашъори форсй ва арабии суханвар ва яке аз кухантарин сарчашмаи боэътимод чихати шинохти осори аслии шоирони асрхои 1Х-Х11, махсусан осори устод Рудакй мебошад. Зеро ^озй дар чандин нома ашъори худро оварда ва гохе ба ашъори худ будани онхо низ ишора намудааст. Чунончи, дар номаи 99-ум кабл аз овардани байти зер мегуяд: «Ин байт ман гуфтаам ва тамомиш ин аст: Онам, ки чу ман манам ба гети дару бас, Нобуда мущм дар мщоме ду нафас» (8, 280).
Аз омузиш ва тахкики номахо маълум мешавад, ки Айнулкузот ашъори баланди аксари суханварони орифро хифз дошта, ба маврид дар номахояш онхоро барои шохид ва таквияти фикр овардааст. Гохи зиёд аз овардани номи гуяндаи ашъор худдорй мекунад ва гохе сурудаи як суханварро аз номи бузургони дину ирфон накл менамояд. Дар номаи 109-ум аз фаромуш намудани муаллифи байти зер чунин ёд намудааст: «Дар хар харфе аз ин навишта хазор-хазор хирвор дард аст, надонам, ки ин байт киро аст. Байт:
Дилтангтар аз да^они танги ту шудам, Бориктар аз фусуну ранги ту шудам» (8, 423-424).
Айнулкузоти Хамадонй дар баробари абёти суханварони дигар ба маврид аз ашъори устод Рудакй низ истишход намудааст. Аз чумла, зайли номаи 77-ум, ки сухан аз ишки хакикй, асрори ишк, достони Юсуф ва Зулайхо ва русуму одоби ошикони рохи Илох меравад, дар хусуси пеши номахрамон номи маъшуки худ пушида доштани ошик ёд намуда, барои таквияти сухан ва шохиди фикр абёти зайли устод Рудакиро овардааст: «...ахди гафлатро аз ин нукат чй хабар? Зулайхосифате ва мачнунлакабе бояд, то киссаи Юсуф ва хикояти Зулайхо тавонад шунуд... Эй азиз! пиндорй, ки киссаи Юсуф ва Зулайхо мешунавй? Дарего! Дарего! Савдои худ менамоям... Худоро Юсуф ва Зулайхо бисёранд... на фаризат аст, ки номи маъшуки худ барад... Чунин бувад агар тавонад, вагарна аз ин маком даргузарад ва ба чое расад, ки тамйизу акл бархезад, ва (ё, бал, балки- З.Х,.) низ мегуяд: Кушам, ки бипушам, санамо, номи ту аз халц, То номи ту кам дар давани анцуман ояд. %ар га%, ки сухан гуям, агар хо^аму гар не, Аввалсуханам номи ту андар да^ан ояд» (8, 130-134).
Рахими Фарманиш дар китоби «Ахвол ва ашъори Айнулкузот» абёти мазкурро бо андаке тагйир аз номаи Айнулкузот оварда, сарояндаи онро Абусаиди Абулхайр медонад (6,301).
Абёти мазкур дар нусхаи Саид Нафисй зайли газали «Хар бод, ки аз суи Бухоро ба ман ояд» (байтхои панчум ва шашум) ба гунаи зер омадаанд:
Кушам, ки бипушам, санамо, номи ту аз халц, То номи ту кам дар давани анцуман ояд. Бо %ар ки сухан гуям, агар хо^аму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар да^ан ояд (3, 500; 4,802; 1,206, 2,190).
Равшан аст, ки Саид Нафисй ашъори устод Рудакиро аз сарчашмахои мухталиф гирдоварй намуда ва аз ракамхое, ки зери газали мазкур овардааст, маълум мешавад, ки сарчашмахои ин газал «Суханони манзуми Абусаиди Абулхайр», нусхаи точикистонии «Осори Абуабдуллохи Рудакй» ва «Асрор-ут-тавхид фй макомоти Шайх Абесаид» мебошанд. Зохиран ба сабаби ду сарчашмаи мазкур Рахими Фарманиш он абётро аз Шайх Абусаид донистааст. Ба андешаи мо абёти мазкур аз Шайх Абусаид нест, зеро Абусаиди Абулхайр дар мачлисхои худ бештар аз ашъори суханварони дигар мехонда, на аз сурудахои худ ва бино бар кавли Мухаммади Мунаввар «уро чандон истигрок будй ба хазрати Хак, ки парвои байт гуфтан надоштй; илло як байт, ки бар пушти номаи Хамза навишт... Дигар хама он буда, ки аз пирон ёд доштааст» (5,159- 160).
Устод Шафеии Кадканй дар кисмати таъликоти китоби «Асрор-ут-тавхид» ва Абдулманнони Насриддин дар маколаи «Мансубияти осор- атрибутсия» зайли бахси «Шеърхое, ки дар сарчашмахои муътабар ва ба замони Рудакй хеле наздик бидуни зикри номи шоир сабт шудаанд» дар хусуси мансубияти газали «Хар бод, ки аз суи Бухоро ба ман ояд» ба устод Рудакй бахс кардаанд (1,95-99; 3,60-63), ки чихати дурй аз итолаи калом аз такрори бахси ин мавзуъ худдорй менамоем. Танхо лозим ба зикр аст, ки «Номахо»-и Айнулкузоти Хамадонй дар катори китобхои «Асрор-ут-тавхид»-и Мухаммади Мунаввар ва «Кашф-ул-асрор»-и Майбудй яке аз сарчашмахои
кухани ашъори устод Рудакй аст, ки абёти чудогонаи Одамушшуаро ва даххо суханвари дигарро бидуни зикри муаллиф барои таквияти фикр овардаанд, вале аз чи сабаб бошад, ки хангоми тахдяи девони устод Рудакй аз назари Саид Нафисй дур мондааст. Аз ин нигох, дар нашрхои минбаъда ё тахдяи нусхахои илмй-интикодии девони устод Рудакй ба назар гирифтани ин сарчашмаи кухан-«Номахо»-и Айнулкузоти Хамадонй айни савоб хохад буд.
Айнулкузоти Хамадонй дар номаи 61 -ум, ки сухан дар баёни маънии «Узкуру неъматаллохи» (^ 4л» bj^l) ва фарки фарзи рохи ошикони Хак аз ахли зохир меравад, мухотабро пандхои орифона медихад ва барои таквияти фикр хикоёти ширинеро аз рузгори Иброхими Халил(а), Абубакри Сиддик(р) ва Мухаммад Мустафо(с) ба таври мухтасар накл намуда, чихати шохид абёти зерро аз устод Рудакй меорад: «Халилро фарзи рох буд, ки чандин бор бишнид: «Ё ^уддус!» ва чандин рама гусфанд ба коили ин калима дод. Номи маъшук шунидан уро азизтар аз чон буд, чй чои рамаи гусфанд буд. Аммо мачнунсифате бояд, ки дар номи Лайлй шунидан чон тавонад бохт. Форигеро аз ишки Лайлй чй хабар? .Он кй ошики Лайлй нест, он чй фарзи рохи Мачнун аст, уро фарзи рох нест... Чун Мустафо (с) дар рохи Мадина мерафт во Бубакр, ба хористон расиданд. Ва Мустафоро (с) пой барахна шуда буд. Бубакр уро дар душ гирифт. Авом пиндоранд, ки уро аз он ранче буд. Надонанд, ки таърихи рузгори Бубакр буд. Магар- валлоху аълам- дар хамаи умри хеш он шодй надида буд. Хеч донй, ки Бубакр он соат вакти худро ба иншоди кадом байт мегузаронид? Бишнав! Арчу, ки бишнавй, аммо туро хануз гуши ошикон нест, ин чун бишнавй? Бонги Цуйи Мулиён ояд %аме, Буйи ёри ме^рубон ояд %аме. Руди Цай^ун аз нишоти руи дуст, Хинги моро то миён ояд %аме. Дашти Ому бо дурушти(и) реги у Зери поям парниён ояд %аме» (7, 462-464).
Аз иктибоси фавк равшан мешавад, ки Айнулкузоти Хамадонй абёти мазкури устод Рудакиро барои таквият ва шохиди фикр аз номи Абубакри Сиддик овардааст.
Дар нусхаи Саид Нафисй абёти мазкур ба гунаи зайл омадааст: Буи цуи Мулиён ояд %аме, Ёди ёри ме^рубон ояд %аме. Реги Омуву дуруштий ро^и у, Зери поям парниён ояд %аме. Оби Цай^ун аз нишоти руи дуст Хинги моро то миён ояд %аме... (3, 512; 4,823-824).
Устод Абдулманони Насриддин баъди омузиш ва накду баррасии зиёд ва бо такя ба нусах ва тахкикоти охир абёти мазкурро ба гунаи зайл овардаанд: Боди Цуи Мулиён ояд %аме, Буи ёри ме^рубон ояд %аме. Реги Омуву дурушти ро^и у, Зери поям парниён ояд %аме. Оби Цай^ун аз нишоти руи дуст Хинги моро то миён ояд %аме... (1, 231; 3,253).
Дар хусуси матншиносй, тагйироти матн ва нусхахои мухталифи касидаи мазкури устод Рудакй донишмандони зиёди ватаниву хоричй бахс намудаанд, ки Херман Эте, Денисон Росс, Паул Хорн, И.С.Брагинский, Ч,.Гиунашвили, Саид Нафисй, Мухаммадамини Риёхй, Ч,ахонгири Мансур, А.Мирзоев, Р.Мусулмонкулов, А.Афсахов, С.Саъдиев, А.Насриддинов, А.Сатторзода, А.Хаким аз чумлаи онхо мебошанд. Устод Абдулманони Насриддин дар маколаи «Тагйироти матн» бо такя ба сарчашмахои кухан, нусхахои мавчудаи муътамад ва андешаи донишмандони зиёди ватаниву хоричй ба тафсил дар бораи нусхахои мавчуда ва тагйироти матни шеъри мазкури устод Рудакй бахс намуда (р.к: 124-135), «Кашф-ул-асрор»-и Майбудиро кадимтарин ва «Мактубот»-и Айнулкузоти Хамадониро дувумин сарчашмаи кухантарини ашъори устод Рудакй хондаанд (1,126-127). Аз тахкикоти устод Абдулманнони Насриддин маълум мешавад, ки байти аввали касидаи мазкур дар «Кашф-ул-асрор»-и Майбудй ба гунаи «Боди Ч,уи Мулиён ояд хаме, Буи ёри мехрубон ояд хаме» (1, 127) омада ва зохиран «Айнулкузоти Хамадонй низ байтро айнан дар хамон намуде, ки Абулфазли Майбудй сабт кардааст, иктибос овардааст» (1, 127). Бино ба ахбори донишманди мазкур яке аз тахиягарони осори суханвар Ч,ахонгири Мансур бо риояи асолати матн ва сабти сарчашмахои кухан- «Кашф-ул-асрор»-и Майбудй ва «Мактубот»-и Айнулкузоти Хамадонй
нусхаи «Боди Ч,уи Мулиён» ва «Буи ёри мехрубон»-ро макбул дониста (1, 128-129) ва донишмандони точик Расул Хрдизода ва Ансор Афсахов низ дар китоби «Х,азор мисраи Рудакй» бо дарназардошти тарзи навишти вожахои «бод» ва «ёд» дар расмулхати арабй нусхаи мазкурро пазируфтаанд (р.к: 3, 130).
Устод Абдулманнони Насриддин бо чонибдорй аз тахкикоти чолиби Мухаммадамини Риёхй, ки дар кисмати тавзехоти «Мирсод-ул-ибод» омадааст, абёти мазкури мундарич дар «Номахо»-и Айнулкузоти Х,амадониро нусхаи тасхифёфтаи ашъори Рудакй медонанд ва ба он боваранд, ки вожаи «бонг» нусхаи тасхифшудаи «бод» аст ва сабаби ба «бонг» табдил шудани «бод»-ро чунин шарх медиханд: «Ба назари мо, «бонг» низ нусхаи тасхифшудаи «бод» аст, чаро ки то асри XIV дар аксари нусхахо болои харфи «дол» хатман нукта мегузоштанд, зохиран, баъзе котибон онро нуктаи «нун» пиндоштаанд ва дар холати андаке чузви поёнии «дол»-ро кашидан он ба «коф» шабохат пайдо мекунад. Яъне хар кучо нусхаи «бонги Чуи Мулиён» мастур аст, занни голиб он, ки тасхифи «бод» буда ва «бонг» дар ин таркиб ночаспон аст» (1,131-132).
Аз тахкикоти доктор Мухаммадамини Риёхй ва профессор Абдулманнони Насриддин маълум мешавад, ки нусхахои кадимтарини «Мактубот»-и Айнулкузоти Хдмадонй яке аз сарчашмахои кухан ва боэътимод буда, чихати тасхех ва шинохти осори аслии устод Рудакй арзиши зиёд доранд. Аз ин чо маълум мешавад, ки абёти дар «Номахо»-и Айнулкузот сабтшуда (7, 464), нусхаи тасхифшудаи ашъори устод Рудакй мебошанд, на нусхаи асл.
Рахими Фарманиш дар фасли савуми китоби «Ахвол ва осори Айнулкузот», ки «Ашъори истишходшуда» унвон дорад, байти зерро аз устод Рудакй дониста ва ишора намудааст, ки Айнулкузоти Х,амадонй онро дар яке аз номахои хеш овардааст: Мастак шудай маро намедонй %ай, Ёрон-т ки буданду куцо хурдй май (6, 313).
Дар нусхае, ки зери дасти мо карор дорад, байти мазкур зайли номаи 104-уми Айнулкузот омадааст. Крзии Х,амадон дар ин нома мухотабро нахуст аз саодат ва хайру лаззату рохат иборат будани он, ду гуна будани саодат- саодати мутлак ва саодати мукайяд хабар дода, сипас аз неъмати беназир будани касби саодат, зикри неъмат ва шукри он ёд мекунад ва мегуяд: «Эй азиз, ту аз ин оят чй фахм кардй, ки «вал малоикату йусаббихуна бихамди раббихим ва йастагфируна лиман фй-л-арзи»1? У ин кор бас манзум ва мураттаб офаридааст, аммо тубас кохилй. Дигар чизе наменависам! У хамаро хдст, аммо надонам, ки ту Уро хастй ё на? Лиамрй! У касро нест чуз Худро, аммо туро бо худойии У чй шумор? Ту аз тангии худ гу «ва лиллохи-л-масалу-л-аъло»2. Офтоб хеч хонаро натавонад буд. Офтоб саду шасту анд бор чанди машрик ва магриб аст, дар хонаи пирзанон кучо гунчад? Туро во хамагии офтоб чй кор? Насиби ту аз офтоб он бувад, ки хонаи туро равшан кунад. Пас офтоб хамаи хонахоро хаст, ман кона лиллохи коналлоху лаху3.
Хддиси Шиблй(рах.) инчо дархур аст. Як руз муночот кард ва гуфт: «Бор Худоё, киро будй? Гуфт: «Х,еч касро!» Гуфт: «Киройй?» Гуфт: «Х,еч касро!» Гуфт: «Киро хохй буд?» Гуфт: «Х,еч касро!» Уро вачде азим пайдо омад. Ва се руз дар он бимонд, то хабар ба пираш Ч,унайд (рах.) бурданд, бархост ва ба наздики Шиблй омад ва кавволро хозир кард ва бифармуд то байте чанд баргуфт. Эй азиз! надонам, ки каввол чй гуфт, аммо донам, ки наханги кахр аз даруни Ч,унайд сар ба даруни Шиблй даровард ва дар сари у мегуфт: Ё Шиблй: Го^и мастй нест, мастона магу, Цони мо махрошу махруш, эй писар! Кам кун аз бедоду афзунй мацу, Мири дод инцост, хомуш, эй писар!
Х,амон нукат аст, ки рузе хам Шиблй дар пеши Ч,унайд шуд ва гуфт: «Мо такулу фиман Аллоху кона фихи азалан ва абадан?»4 Ч,унайд гуфт: Мастак шудай, маро намедонй %ай Ёрон-т кй буданду куцо хурдй май?» (8,403-404).
Аз иктибоси фавк маълум мешавад, ки Айнулкузоти Х,амадонй байти мавриди бахсро аз забони Ч,унайд накл намудааст. Бидуни тардид ин байт аз Ч,унайд нест ва ^озии Хдмадон бинобар мувофик будани мазмуни байт онро аз номи Ч,унайд овардааст.
Дар нусхахои осори устод Рудакй, ки зери дасти мо карор доранд, мо ин байтро пайдо накардем (р.к: 2; 4). Хдмчунин Рахими Фарманиш ба чй далел онро аз устод Рудакй хонда ва муродаш кадом сарчашма аст, моро маълум нашуд. Зохиран ин байт на аз устод Рудакй, балки аз суханвари дигар аст, ки тахкику баёни он бахси чудо мехохад.
Рахими Фарманиш байти зайлро низ аз устод Рудакй медонад. Аммо мо онро аз китоби «Номахо»-и Айнулкузоти Х,амадонй, ки нашри нисбатан нав аст ва нусхахои осори устод Рудакй
пайдо накардем. Бинобар холй аз хато набудан ва дар нусхаи зери дасти мо ба назар нарасидан аз китоби Рахдми Фарманиш бо хати асли арабиасос овардани ин байтро савоб медонем:
jJ Ijj^. 4jlAjj ¿yl 4-x^iljl jA u^l
Аз бахсхои фавк метавон ба ин натича расид, ки номахои Айнулкузоти Хамадонй на танхо намунаи беназири насри дилкаш ва ирфонии ибтидои асри Х11, балки яке аз сарчашмахои кухани ашъори устод Рудакй мебошанд. Маълум мешавад, ки Айнулкузоти Хамадонй абёти чудогонаи устод Рудакиро, на аз номи гуяндаи аслй, балки аз забони бузургони дин ва орифони маъруф овардааст. Афзун ба ин, Айнулкузоти Хамадонй дар номахои худ абёти зиёди форсй ва арабиро бидуни зикри муаллиф овардааст, ки чихати шинохти осори аслй ва тасхехи ашъори суханварони асрхои 1Х-Х11 метавонанд хидмат намоянд.
ТАВЗЕ^ОТ:
ПАЙНАВИШТ:
REFERENCES: